Китоби нави М. Мирсаидзода
Душанбе, 5.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ба истиқболи 90 –солагии маркази тоҷикони ҷаҳон-шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Дари кушоди худшиносӣ» бо теъдоди 100 нусха мунташир гардид. Китоб мушоҳидаву андешаҳои хизматчии давлатӣ, шахси дар ҷомеъа фаъол ва таҷрибаи рӯзгор андӯхта Мирзоамин Мирсаидзодаро дар бар мегирад. Мазмун ва мундариҷаи китоби ба тозагӣ интишоршуда саршор аз таҷассуми меҳри ватан, садоқат ба меҳан, ваҳдату ҳамрайъӣ, дӯстиву рафоқат, ифтихор аз гузаштаю имрӯзи кишвар, шукргузорӣ аз истиқлолияту ватани азиз аст. М. Мирсаидзода муаллифи китоб дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки: «сабаби чунин номгузорӣ кардани китоб дар он аст, ки фаъолияти беш аз даҳ соли эшон марбут ба рушди робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе мебошад ва зимни иҷрои вазифаҳое, ки бар дӯши ман вогузор гардида буд, дар ҳаёти воқеиям он қадар чизҳое дидам ва бо шахсиятҳое вохӯрдаму кор кардам, ки дарвоқеъ мактаби нави ҳаётам гардид. Имрӯзи Тоҷикистон ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли пойтахти зебоямон- шаҳри Душанбе дарест кушод барои худшиносӣ. Мо мардуми кишвар аз остонаи ин дари кушод ба кошонаи ояндаи дурахшони ватани маҳбубамон ворид мешавем ва итминони комил дорем, ки ин ҷо макони мақсуди мост».Муаллиф тамоми руйдоди муҳиме, ки тӯли солҳои истиқлолӣ дар ҳаёти пойтахт ба вуқуъ омадааст, дар китоб сабт кардааст. Дар дохили китоб суратҳои ранга оид ба симои Душанбеи имрӯза, кӯчаю хиёбонҳои озода, аз ҷумла расмҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Қасри миллат, муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон –шоҳ Исмоили Сомонӣ, Амфитеатр, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Боғи устод Рӯдакӣ, бинои Душанбе-Плаза, фавораҳои Душанбе, Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Пойтахт”, шоми Душанбе, чароғҳои Душанбе, инчунин сохтмони иншооти азим, ки шаҳодати раванди бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт мебошанд, зеб медиҳанд. Дар китоб ҳамчунин мухтасар дар бораи ҳаёт ва рӯзгори пурсамари шахсиятҳои шинохтаи кишвар маводҳо гирдоварӣ шудаанд. Умедворем, ки роҳи тайкардаи Мирзоамин Мирсаидзода кору фаъолият ва дигар сифатҳои некаш барои хонанда намунаи ибрат хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






