Комёбии хонандагони тоҷик дар ҶАҶ
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз санаи 3-ю то 13-уми июли соли равон дар шаҳри Кeйптауни Ҷумҳурии Африкои Ҷанубӣ олимпиадаи байналхалқӣ аз фанни математика баргузор гардид. Дар ин олимпиада 4 нафар хонанда аз литсей‑интернати муштараки тоҷикӣ‑туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ва 2 нафар хонанда аз гимназия-интернати Тоҷикистон-Россия ‘’Ҳотам ва ПВ’’-и шаҳри Душанбе дар қатори хонандагони 101 давлати дунё иштирок карданд.Аз рӯи ҷамъбасти олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик сазовори 2 медали нуқра гардидандТибқи иттилои хадамоти матбуоти вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ медалҳои нуқраро хонандагони литсей‑интернати муштараки тоҷикӣ‑туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Фаррух Каримов ва Рустами Убайдулло ба даст оварданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






