Корҳои таъмиру ободонӣ дар Мактабҳоии муттаҳидаи техникии ТҶММ
Душанбе, 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Кўлоб соҳиби бинои нав гардид. Айни замон корҳои таъмиру тармим ва ободонӣ дар бинои нав идома дошта, дар доираи он шароитҳои лозима, аз қабили синфхонаҳои назариявӣ, утоқҳои хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон фароҳам оварда мешавад.Бино ба иттилои котиби матбуоти ташкилот Абдуракиб Қодиров, роҳбарияти Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кўлоб дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 20 — умин солгарди Конститутсияи кишвар синфхонаҳои таълимӣ ва роҳраву саҳни ин боргоҳи касбу ҳунарро таъмир намуда, бо ин роҳ барои кормандон шароити беҳтари корӣ ва барои ҳунарҷўён имконоти мусоиди касбомўзиро муҳайё сохтанианд.Раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майори гвардия Музаффар Гулмадов аз рафти корҳои таъмиру тармим дар Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Кўлоб ошноӣ пайдо намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт ҷаласаи кории алоҳида баргузор намуд, ки дар он шахсони масъули Кумитаи Марказии ТҶММ, кумитаи вилоятии ТҶММ — и вилояти Хатлон ва сарварони ҷамъиятҳои мудофиавии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб иштирок намуданд. Ҳамчунин, Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Конибодом низ ба наздикӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣсоҳиби бинои нав гардид. Айни ҳол корҳои таъмиру ободонӣдар бинои нав идома дошта, ин бино пурра ба талаботи мавҷуда мувофиқгардонида хоҳад шуд. Дар ин мактаб низ аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мутахассисон омода карда шуда, ба баланд бардоштани сифати таълим ва мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ- таълимӣ тибқи талаботи замон таваҷҷуҳи доимӣ дода мешавад. Ба гуфтаи А.Қодиров, дар шаҳри Исфара сохтмони бинои нави сеошёнаи таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр идома дорад, ки бо риояи талаботи меъмории муосир бунёд хоҳад гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






