Коркарди дубораи ашё аз фалокати экологӣ эмин медорад
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъоварии қоғазпораҳои кӯҳна зери шиори «Дарахтонро ҳифз менамоем» оғоз гардид, ки ташаббускори он Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) мебошанд. Мақсади иқдоми мазкур — эмин доштани садҳо ҳазор дарахтон аз решаканкунӣ аст. Коркарди як тонна коғазкӯҳна 10 дарахтро ҳифз, 20 ҳазор литр об ва 1000 кВт қувваи барқро сарфа менамояд. Дар аксари кишварҳо то 85% ашё дубора коркард мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо миллион доллар сарфа шавад. Инчунин коркарди дубораи ашё захираҳои миллиро сарфа менамояд ва инсониятро аз фалокати экологӣ эмин медорад.Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ кормандони ин ниҳод низ ба ин иқдом фаъолона ҳамроҳ гардиданд ва дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 1 тонна қоғазпора ҷамъоварӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






