Куҷост имону инсофи соҳибкорон?
Душанбе,01.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон зимни баргузории ҷаласаи шаҳрдорӣ изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф таъкид кардааст, ки соли равон шаҳрдорӣ бо такя ба имону инсофи соҳибкорон ҷиҳати танзими нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар бозорҳои шаҳр санадеро таҳия накард. Раиси шаҳр ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди пойтахт аз соҳибкорон даъват намуд, ки барои дарёфти савоби моҳи Рамазон нисбати 20 намуди маҳсулоти ғизоӣ -гӯшт, орд, нон, равғани растанӣ, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза дар ҳамаи бозорҳои шаҳр нархҳо то 10% ибтикоран паст карда шавад. Ҳамзамон роҳбарони бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон» ва «Қарияи боло» ва дигар бозорҳои хусусӣ муваззаф гардиданд, ки дар моҳи Рамазон гӯшти хушсифати говро бо нархи то 36 сомонӣ ба роҳ монда, фурӯши равғани чарбу аз ҷониби қассобон комилан манъ карда шавад. Барои назорати он қарор гардид, ки дар тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои шаҳр камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шаванд. Ин тадбирҳои шаҳрдорӣ дар ҳоле андешида мешаванд, ки ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки барои мусулмонони ҷаҳон моҳи хайру савоб аст, нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кулли бозорҳои шаҳр ба таври сунъӣ боло рафта, боиси нигаронии сокинон мегардад. Ҳол он ки дар ин моҳи муборак дар бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ нархи маҳсулоти ғизоӣ хеле паст гардида, ҳатто дар бархе давлатҳо дар кӯчаю роҳравҳо яхдонҳои махсус гузошта, дар он барои мардуми ниёзманду камбизоат аз ҷониби шахсони саховатманду дасткушод ва доро маводи ғизоӣ, хӯрока ва ҳатто нӯшока мегузоранд. Пас куҷост имону инсофи савдогарону тоҷирони мо, ки маҳз бо фарорасии моҳи Рамазон нархи маҳсулоти хӯрокаро баланд бардошта, мехоҳанд аз фурсат истифода намоянду ҷайби худро дар ин моҳи шариф аз боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ пур созанд. Магар ин мусулмонист?








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






