Кумакаи КҶВС ба Шаҳбол Мирзоев
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии иҷтимоии ҷавонон дар арафаи иди саиди Рамазон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ба собиқ сарбози қисми низомии 2620 Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шаҳбол Мирзоев, ки айни замон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудааст, дар ҳаҷми 4000 сомонӣ кўмаки молиявӣ расонид.Тавре ки дар ин бора Ҷамолиддин Нуров, котиби масъули Кумитаи мазкур хабар дод, аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба Шаҳбол Мирзоев барои мутолиа китобҳои гуногун аз ашъори ниёгон ва муосир супорида шуд. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин иқдомот саҳм гузоштан дар баровардани ниёзи як ҷавони кишвар мебошад. Зеро ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон буда, онҳо умед ва такягоҳи ҳар як кишвару миллат мебошанд.Инчунин, масъулини Кумита зимни аёдат ва сўҳбат, ба Шаҳбол Мирзоев пешниҳод намуданд, ки Кумита омодааст, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани хоҳиши ў, барояш дар шароити беморхона курсҳои махсуси забономузӣ ва касбомўзиро ташкил намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






