Кумаки «Амонатбонк» дар арафаи моҳи шарифи Рамазон
Душанбе, 15.07.2014.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси “Амонатбонк” имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, айни замон Бонк ба зиёда аз 6 ҳазор муассисаҳои соҳаи буҷавӣ, 11 ,ҳазор адад корхонаҳои ғайибуҷҷавӣ, 636 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, 557 ҳазор нафар амонатгузорон тавассути 507 адад марказҳои хизматрасонӣ, 49 адад нуқтаҳои мубодиллаи асъор, 75 филиал бо теъдоди 2 659 нафар кормандони хизматрасонӣ менамоянд. Ҳамзамон дар нишаст зикр гардид, ки дар нимсолаи авали соли 2014 тавассути филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» аз муомилот 100 млн. сомонӣ пулҳои фарсуда гирифта шуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон супорида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 61,7% афзудааст.То имрўз Амонатбонк бо 2859 корхонаву ташкилотҳои беҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 4 маротиба зиёд мебошад. Дар арафаи Иди Рамазон «Амонатбонк» ният дорад, ба хона ятимон ва бепарасторон кумакҳоми моддӣ расонида шавад. Дар рўзҳои наздик «Амонатбонк» ният дорад, ки болопуши бинои мактабинтернати ноҳияи Рўдакӣ ва барои таъмири мактабинетрнати мазкур, 2 тонна семент кумак намояд ва ба ин васила барои беҳтар намудани шароити зисти кудакони ятиму бесаробон мусоидат намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






