Кумаки навбатии Катоюн ба китобхонаи ба номи А.Рӯдакӣ
Хоруғ, 30.07.2014. ( АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Сокини шаҳри Душанбе Катоюн Рустамова зиёда аз 800 китоби илмию бадеиро аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллои Рӯдаки тақдим намуд. Директори китобхона Алидод Чароғабдолов бо изҳори сипос аз ин хонавода гуфт, ки соли гузашта низ ин оила ба китобхонаи мо зиёда аз ҳазор нусха китоб ирсол намуда буд.Бори дуввум аст, ки ин сокини шаҳри Душанбе ба китобхонаи вилоятӣ асарҳои илмию бадеиро ирсол медорад. Дар суҳбати телефонӣ Катаюн баён дошт, ки китобхона ба падарам, ки дар даҳаи аввали солҳои навадум дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба сифати устод фаъолият дошт, тааллуқ дорад. Баъдан мо ба пойтахти кишвар, ба макони зисти доимии худ баргаштем ва падарам фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дод. Чанд сол қабл падарам Фаромӯз Рустамов аз олам даргузашт ва васият намуд, ки як қисми китобҳоро ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва кисмати дигар ба китобхонаи вилоятӣ тақдим намоед. Имрӯз ман ин васияти қиблагоҳамро ба иҷро расондам,-гуфт Катоюн РустамоваДиректори китобхона Алидод Чароғабдолов баъди муроҷиати Сарвари Давлат дар боби дастгирии китобхона чунин иқдом аз корхонаву муассисаҳо ва афроди алоҳида пайваста сурат мегирад. Раҳбари китобхона афзуд, ки дар чанд соли охир аз ҳисоби сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба китобхонаи мо садҳо асарҳои илмию бадеӣ ва бачагона ворид гашт. Алъон мо имкон дорем, донишҷӯёну хонандагони макотиби миёнаро аз адабиёти зарурӣ таъмин кунем. Ин тадбир таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯенро ба китобхонӣ бештар кард ва толори мо аз хонандагон пур гашт. Баъзан ҳатто хонандагон дар толор ҷои нишастро пайдо намекунанд ва маҷбур мешаванд каме интизорӣ кашанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






