Кумаки Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба ниёзмандон
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дасти ёрӣ дароз намудан ба шахсони ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон амали савоб мебошад.Ба ин хотир имрӯз мушовир оид ба корҳои дин дар сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амруллоҳ Кая ба шарофати моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе , аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур кӯмакҳои озуқаворӣ тақдим намуд.Бояд гуфт , ки ба 220 нафар ниёзмандон дар ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА кумакҳои озуқаворӣ — орд , равған, биринҷ, шакар ва дигар намуди хӯрока дода шуд.Мавриди зикр аст , ки Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҳамчунин тасмим дорад, ки дар рӯзҳои наздик ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва оилаҳои ниёзманди ноҳияи Восеъ ва ҷамоати деҳоти Саричашмаи н. Шӯроободи вилояти Хатлон кумакҳои моддӣ хоҳанд расонд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






