Кумита барои кормандонаш манзил месозад
Душанбе, 14.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандонаш бинои дуюми истиқоматии 6 ошёнадорро воқеъ дар кӯчаи Варзишӣ бунёд намояд. Раҳмон Асадулло -раиси Кумитаи мазкур зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки алҳол зербинои ин иморати истиқоматӣ, ки хишти нахустини он соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар гузошта шуда буд, омода шуда, дар он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Бинои бунёдшаванда дорои 72 ҳуҷра буда, дар солҳои наздик сохтмонаш ба анҷом расонида мешавад. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ афзуд, ки бинои мазкур барои кормандони Кумита, ки ба манзили зист эҳтиёҷ доранд, дода мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2009 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шафати ҳамин бинои бунёдшаванда бинои истиқоматии иборат аз 72 ҳуҷраро ба кормандонаш дар маросими ботантана бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






