Курсантон дар рӯҳияи баркамолии шаҳрвандӣ тарбия мегиранд
Душанбе, 8.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо волидайни кормандони Агентӣ ва ВКД ҶТ, ки ҳоло фарзандонашон дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар омӯзиш мегиранд, вохӯрӣ намуданд.Дар оғози вохӯрӣ муовини сардори Ситод ба волидайни донишҷӯёни бахши аввал оид ба Қоидаҳои тартиботи дохилии Донишкадаи ҳуқуқии Сибир, шароити зист, ҳамаи намуди таъминоти курсантон иттилоот дод. Дар баромади худ намояндаи Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар Александр Старовойтов зикр намуд, ки ҳамаи кӯшишҳои кормандони донишкада ба он равона карда шудааст, ки курсантон дар рӯҳияи баркамолии шаҳрвандӣ, риояи қонуният, шараф ва номуси инсонӣ ва афсарӣ тарбия гарданд. “Маҳз дар донишкада сиришти касбӣ ва маънавии корманди Агентӣ ба шакли муайян дароварда мешавад” — иброз намуд А. Старовойтов








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






