Куштори ваҳшиёнаи духтар аз ҷониби модар
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мукадас Темурзода).- 30 июни соли равон тахминан соатҳои 13.00 дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Фединаи пойтахт ҷасади Шарипова Мадина Латифовнаи хурдсол, соли таваллудаш 2008, тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо, дарёфт гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, баъд аз 20 дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум — Шарипова Зиёдагул Юсуфовна дастгир шуд.Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шарипова Зиёдагул Юсуфовна, соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 бо навиштани дастхат тахминан соатҳои 10 бо худ бурда, бо истифода аз корди дар дасташ буда ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Сипас номбурда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






