М.Зокиров: «Ворух ягон вақт анклав набуд»
Душанбе, 15.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Сохтмони роҳи алтернативӣ дар минтақаи баҳсноки ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон зарурат надорад», гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон Маҳмадтоир Зокиров-раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки тамоми роҳҳои зарурӣ дар ин минтақаи наздисарҳадӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд ва Ворух ягон вақт анклав -ҷазирақаламрав набуд. Сардори ниҳоди давлатии марбут ба идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар ин самт Комиссияи муштараки байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марзӣ фаъолият менамояд, ки ман ҳам аъзои ин Комиссия мебошам. М. Зокиров таъкид кард, дар ҷаласаҳои Комиссияи муштарак масъалаи сохтмони роҳи алтернативӣ матраҳ нагардидааст. «Мо бояд масъалаҳои баҳсбарангези марбут ба муайян намудани хати марзи ду кишвар, ки ҳанӯз аз соли 1924 вуҷуд дорад, тавассути гуфтушуниди мусолиматомез ва роҳҳои осоишта ҳал намоем, таъкид кард. М. Зокиров. Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои баҳсбарангези марзӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор -Тоҷикистону Кирғизистон тӯли солҳои охир боиси сар задани ҳар гуна муноқишаҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва нороҳатӣ эҷод гардидан дар муносиботи Душанбе ва Бишкек гардидааст. Коршиносон бар он назаранд, ки ҳалли масъалаҳои баҳсбарангези марзиро байни Тоҷикистону Кирғизистон танҳо тавассути гуфтушуниди ҷонибҳо, бо дарназардошти эҳтиром ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва манфиатҳои миллию давлатии ҳар ду кишвар метавон баррасӣ ва ҳал намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






