Мақомоти назорати молиявии Тоҷикистону Эрон хостори ҳамкорианд
Душанбе, 31.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти робитаҳои байналмилалии худ тасмим дорад дар оянда бо мақомоти назорати молиявии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо имзои Созишнома ҳамкориро тақвият бахшад. Дилмурод Давлатзода-раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки алҳол Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи ҳисоби Русия, Қазоқистон ва Эрон ҳамкории густурда дорад. Мавсуф аз кӯмаку дастгириҳои Палатаи ҳисоби Русия ёдовар гардида, гуфт, ки дар таҳкими ҳамкориҳои мақомоти олии назорати молиявии Тоҷикистону Русия саҳми Сергей Степашин -собиқ раиси Палатаи ҳисоби Русия калон аст. Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Русия ҷиҳати баланд бардоштани касбияти кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, инчунин дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ҳам кӯмак ироа гардидааст. Дилмурод Давлатзода афзуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 узви комилҳуқуқи ИНТОСАИ /INTOSAI/ — созмони байналмилалии мақомоти олии назорати молиявӣ гардид, ки беш аз 150 кишвари ҷаҳон шомили ин созмони бонуфузанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бобати тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои пасошӯравӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Шӯрои мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ буда, ҳамкориҳоро дар ин самт бо сохтори олии назорати молиявии Қазоқистон низ густариш медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли 2013 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ҷаласаи ХIII -уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии ИДМ баргузор гардид. Дар он Дилмурод Давлатзода -раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии ИДМ шомил карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






