Мактаби нав ба хонандагони Б. Ғафуров дар соли хониш
Душанбе, 23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Сохтмони бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 — и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад.Дар ин бора директори мактаби мазкур Раъно Ҳасанова иттилоъ дода афзуд, ки корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз гардида буд. Бино аз ду ошёна ва толори варзишӣ иборат мебошад. Арзиши лоиҳавии ин бино беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои қаблии мактаб солҳои бистуми асри гузашта бунёд гардида, он дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Тибқи иттилои масъулини ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис», ки корҳои сохтмониро бар ӯҳда доранд, сохтмони бинои нав дар моҳи август ба поён мерасад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






