Маоши кормандони прокуратура 50 баробар зиёд шудааст
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҶТ, ки имрӯз дар «Кохи Ваҳдат» баргузор гардид, нақши Прокуратураро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.Сарвари Давлати Тоҷикистон зикр намуд, ки аз соли 2000-ум то имрӯз ҳаҷми маблағгузории мақомоти прокуратура аз ҳисоби буҷети давлатӣ тадриҷан афзуда, музди меҳнати кормандони ин мақомот танҳо дар давраи зикршуда 50 баробар зиёд шудааст.Соли 2000-ум маоши миёнаи кормандони прокуратура 20 сомонӣ буд, вале имрӯз ин нишондиҳанда қариб 1000 сомониро ташкил медиҳад.Дар замони истиқлолият барои прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо даҳҳо биноҳои наву замонавӣ сохта, ё таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.Солҳои 2005 — 2013 барои бунёду азнавсозии биноҳо, харидории воситаҳои нақлиёт ва таъмини кормандони мақомот бо воситаҳои техникии муосир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 131 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.Ҳамзамон президенти кишвар таъкид кард, ки барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар таҳкими конуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи кадрҳо ва тарғиби қонунгузорӣ 215 нафар кормандони мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






