Маъракаи имтиҳонсупории довталабон ба академияҳои ФР
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар Вазорати корҳои дохилӣ имтиҳонсупории довталабон ба донишкадаҳои ҳуқуқӣ ва академияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оғоз гардид. Довталабон аз тайёрии ҷисмонӣ, сатҳи донистани забони русӣ (диктант, саволҳои тестӣ), асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърихи халқи тоҷик, психология ва экспертизаи судӣ (вобаста ба ихтисос) санҷишу имтиҳон месупоранд.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, имрӯз, дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, 72 довталаб ҷамъ омада, аз рӯи намудҳои варзиши давидан ба масофаи 100 ва 1000 метр, кашидани турник ва партофтани норинҷак меъёрҳои санҷишӣ супориданд. Дар натиҷаи санҷишҳо муайян шуд, ки танҳо нафарони ба талабот ҷавобгӯ барои имтиҳонсупориҳои минбаъда роҳ дода мешаванд.Манбаъ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки маъракаи имтиҳонсупории довталабон идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






