Марги 430 нафар Фаластинӣ
Душанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Франс-пресс манбаъҳои фаластинӣ талафоти дар рӯзи якшанбе ва душанбеи ҳафтаи гузаштаро, ки марги 97 нафаро дар бар мегирад, эълон кард. Гуфта мешавад, ки шумораи кушташудагони фаластинӣ аз оғози ҷанги чаҳордаҳрӯза то кунун ба 430 нафар расидааст. Озмуни байналмилалӣ дар Латвия Душанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»)- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си рӯзи 22 июли соли 2014 дар шаҳри Юрмалаи Латвия озмуни байналмилалии мусиқии “Новая Волна” шурӯъ шуд. Ҳамлаи ногаҳонӣ дар Никарагуа Душанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дар Никарагуа гурўҳи силоҳбадастони номаълум ба як автобуси мусофиркашонӣ ҳамла намуданд.Мувофиқи иттилои хабаргузорони дохили кишвар дар ин ҳодиса 5 нафар ҳалок шуда, 19 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта бистарии беморхона гардиданд. Дар ин самт кормандони мақомоти полис амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўиро ба роҳ монда, 4 танро чун гумонбарони ҳодиса боздошт намуданд. Марги 16 сарбоз дар ЛибияДушанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар шаҳри Бенғозии кисми шарқии Либия задухўрдҳои шадид миёни як гурӯҳ силоҳбадастони ифротгаро ва сарбозони Артиши миллии мамлакат ба вуқуъ омад, ки дар он 16 нафар сарбозон ба ҳалокат расида, 80 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмони бардоштанд. Ҳадафи ҳавопаймои ПокистонДушанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон як ҳавопаймои неруҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Покистон чанд истеҳкоми гурўҳҳои силоҳбадастро, ки дар қисми шимолу ғарбии мамлакат ҷойгир буданд мавриди ҳадаф қарор дод. Дар натиҷаи зарбаҳои мушакӣ 28 нафар ҷангиёни ҳаракати «Толибон» безарар карда шуда, 6 тани дигар захмӣ гардидааст. Тӯфони Раммасун Душанбе, 23.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Муддати чанд рўз аст , ки тўфони «Раммасун» дар як қатор кишварҳои қораи Осиё ҳукмфармоӣ дорад. Мувофиқи иттилои расида, тўфони мазкур аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ветнам расидааст. Кормандони мақомоти марбута ҳаҷми умумии зарари аз ин офати табиӣ расидаро муайян мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






