Мароқи «Simran Holidays Pvt. Ltd» барои ҳамкорӣ

Июль 10, 2014 10:22

Душанбе, 10.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши туризм дар мулоқоти Саидбег Саидов-Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Гурдип Синх -мудири агентии «Simran Holidays Pvt. Ltd»-и Ҳиндустон дар Деҳлӣ баррасӣ шуд.   Дипломати тоҷик ба мудири «Simran Holidays Pvt. Ltd»- доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки Тоҷикистон кишвари офтобӣ ва дорои табиати зебою нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва чор фасли сол аст. Ин аст, ки ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ аз кишвари мо боздид намуда, аз манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон баҳра мебаранд ва бо анъанаю суннатҳои қадима ва ёдгориҳои таърихии сарзамини тоҷикон ошно мегарданд. Саидбег Саидов ҳамзамон доир ба иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши туризм ибрози назар намуда, гуфт,ки бо мақсади рушди туризм дар мамлакат ва ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон барномаҳои рушди ин соҳаро дар амал татбиқ менамояд. Мусоҳибон ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондан ва татбиқи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ иброз намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд. Ширкати сайёҳии «Simran Holidays Pvt. Ltd»- соли 2011 таъсис дода шуда, яке аз ширкатҳои бонуфуз ва муваффақ дар бахши туризми Ҳиндустон маҳсуб меёбад. Дафтари марказии он дар шаҳри Силигури Банғолаи Ғарбӣ воқеъ буда, дар шаҳри Ганкток низ намояндагӣ дорад.

Июль 10, 2014 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад