Мароқи «Simran Holidays Pvt. Ltd» барои ҳамкорӣ
Душанбе, 10.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши туризм дар мулоқоти Саидбег Саидов-Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Гурдип Синх -мудири агентии «Simran Holidays Pvt. Ltd»-и Ҳиндустон дар Деҳлӣ баррасӣ шуд. Дипломати тоҷик ба мудири «Simran Holidays Pvt. Ltd»- доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки Тоҷикистон кишвари офтобӣ ва дорои табиати зебою нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида ва чор фасли сол аст. Ин аст, ки ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ аз кишвари мо боздид намуда, аз манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон баҳра мебаранд ва бо анъанаю суннатҳои қадима ва ёдгориҳои таърихии сарзамини тоҷикон ошно мегарданд. Саидбег Саидов ҳамзамон доир ба иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши туризм ибрози назар намуда, гуфт,ки бо мақсади рушди туризм дар мамлакат ва ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон барномаҳои рушди ин соҳаро дар амал татбиқ менамояд. Мусоҳибон ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондан ва татбиқи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ иброз намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд. Ширкати сайёҳии «Simran Holidays Pvt. Ltd»- соли 2011 таъсис дода шуда, яке аз ширкатҳои бонуфуз ва муваффақ дар бахши туризми Ҳиндустон маҳсуб меёбад. Дафтари марказии он дар шаҳри Силигури Банғолаи Ғарбӣ воқеъ буда, дар шаҳри Ганкток низ намояндагӣ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






