«Марворид» тарҷумаи бадеии асарҳои адибони кишварҳои олам
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).- Дар нашриёти «Истеъдод» бо номи «Марворид» тарҷумаи бадеии як силсила асарҳои адибони баргузидаи соири кишварҳои олам — Англия, Русия, Қазоқистон, Франсия, Белорус, Хитой, Туркманистон, Туркия бо сифати баланд интишор ёфт. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, мутарҷими шинохта, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор ба хотири пайванди дилҳо кӯшидааст, ки тавассути забони дилангези тоҷикӣ бадеият ва рӯҳи аслии романи машҳури нависандаи классики ҷаҳон Соммерсет Моэм «Моҳ ва фулус», повести нодири Валентин Распутин «Дарсҳои франсузӣ», нӯҳ ҳикояҳои ҷолиб, инчунин драмаҳои Мар Бояҷиев «Мо — мардҳо», Тунҷер Ҷуҷеноғлу «Тарма», Дулат Исобеков «Ҳунарпеша», Албер Камю «Иштибоҳ», Алексей Дударев «Маро тарк макун» ва андарзҳо — «Ҳикмати ҳазорсолаи башарият»-ро ифода намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






