Машварати кории М.Ҷабборӣ бо роҳбарияти нави кумитаи ҷавонон

Июль 18, 2014 08:10

Душанбе. (18.07.2014 «Ховар») Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо ҳайати нави роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд. Дар машварат сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева ва дигар кормандони раёсати мазкур ширкат варзиданд.Марҳабо Ҷабборӣ, ки бевосита сарпарасти соҳа мебошад, қаблан роҳбарияти Кумитаро бо таъин шуданашон ба вазифаҳои пурмасъул бори дигар шодбош гуфта, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории ин машварат дар якҷоягӣ роҳандозӣ кардани ҷанбаҳои нави фаъолият бо дарназардошти шаклу усулу муосири корбарӣ миёни ҷавонон мебошад. Зимни машварат оид ба масъалаҳои марбутаи соҳаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз назар карда шуда, ҷиҳати вусъати корҳои ташкиливу таблиғотӣ ва сафарбаркунии ҷавонон, рушди оммавияти варзиш, ташаккули туризми дохиливу берунӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои байналмилалии дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Мавриди қайд аст, ки чанде қабл бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Мавсума Муинова, Қиёмиддин Миралиев, Руслан Шодиков, Дилшод Назаров  ба ҳайси раис, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Июль 18, 2014 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!