Медали нуқраи хонандаи тоҷик дар Индонезия
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 5-ум то 15-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия олимпиадаи байналхалқӣ баргузор гардид. Тавре, ки аз дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, дар олимпиадаи мазкур 4 нафар хонанда аз литсей‑интернати муштараки тоҷикӣ‑туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дар қатори 240 нафар хонандаи 61 давлати дунё иштирок карданд.Аз рўи ҷамъбасти олимпиадаи мазкур хонандаи литсей‑интернати муштараки тоҷикӣ‑туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Саидмуродов Фирдавс соҳиби медали нуқра гашта, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






