Медали нуқраи муҳасилини тоҷик дар Сербия
Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ҳафтаи гузашта дар пойтахти Сербия -шаҳри Белград Олимпиадаи 8-уми мактабиён аз фанни информатика баргузор шуд. Дар озмун аз 8 кишвар 38 нафар хонанда ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин олимпиада муҳассилини литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе иборат аз панҷ нафар намояндагӣ карданд.Олимпиада аз ду даври корҳои амалӣ иборат буд. Солеҳҷон Рӯзибоев ва Нодир Даминов маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани медали нуқра ноил шуданд. Ин нахустин медалҳои хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи наврасони Балкан аз фанни информатика мебошад. Ҷойи аввалро муҳасилини макотиби Руминия ва Булғористон ба даст оварданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






