ММТ: Имтиҳонҳои иловагӣ барои довталабон
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳои компоненти А ва Б иштирок карда натавонистанд, бо пешниҳоди ариза, нусхаи даъватнома ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сабабҳои узрнок барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ иҷозат дода мешаванд.Ба иттилои Ситорабону Назарова сухангӯи марказ аризаҳои довталабон то рӯзи 14-уми июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои минтақавии он қабул карда мешаванд.Тибқи ҷадвал рӯзҳои баргузории имтиҳонҳои иловагӣ чунин аст: 1. Компоненти А-22 июл (барои тамоми гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳои 1,2,3,4,5);2. Компоненти Б-23 июл (барои тамоми гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳои 1,2,3,4,5)Мавриди зикр аст, ки имтиҳонҳои иловагӣ танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад ва макони баргузории имтиҳонҳо рӯзи 17-уми июл муайян мегардад.Бо мутахассисони Марказ тавассути телефонҳои зерин дар тамос шавед:1. Ҳамоҳангсоз дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: (+992) 915-98-00-78; 2. Ҳамоҳангсоз дар вилояти Суғд: (+992) 915-98-00-69; 3. Ҳамоҳангсоз дар вилояти Хатлон: (+992) 915-98-00-58; 4. Ҳамоҳангсоз дар ВМКБ: (+992) 915-98-00-51Маълумоти иловагиро аз сомонаи марказ www.ntc.tj дастрас намоед.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






