ММТ: Варақаҳои ҷавобҳои қисми А ва Б
Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок намудаанд, хоҳиш менамояд, ки ба ҳуҷраҳои инфиродии худ ворид гардида, ҷиҳати боварӣ ҳосил кардан ба шаффофияти имтиҳонҳо бо варақаҳои ҷавобҳои имтиҳонҳои қисми А ва Б шинос шаванд. Ба иттилои сухангӯи Марказ Ситорабону Назарова, яке аз роҳҳои таъмини шаффофият ин бевосита шинос кардани ҳар як довталаб бо корҳои анҷомдодааш мебошад.Инчунин, тибқи нақша натиҷаҳои имтиҳонҳо аз 1 август дар ҳуҷраҳои инфиродии довталабон гузошта мешавад ва дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи балли гузошташуда довталабон ҳуқуқ доранд, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар давоми 48 соат (2 рӯз) ба комиссияи апеллятсионӣ ариза пешниҳод намоянд. Маълумоти бештарро оид ба тартиб ва роҳҳои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ метавонед аз сомонаи расмии марказ (www.ntc.tj) дастрас намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






