Муҳокимаи фаъолияти раёсатҳои АНМН
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар Агентии назорати маводи нашъаовар таҳти роҳбарии директори ин ниҳод Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати роҳбарикунанда аз рӯи натиҷаи фаъолияти фаврӣ-хизматӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 10 июл баргузор гардид.Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти раёсатҳои агентӣ дар вилоятҳо муҳокима гардида, ҳисоботҳои ҷузъу томҳои фаврӣ дар шаҳри Душанбе, фаъолият дар самти мубориза бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша шунида шуданд. Инчунин нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид.Баромадкунандагон як қатор норасоиҳоро дар соҳаи ташкили фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирии қочоқи маводи нашъаовар, ки ба вилоятҳо тавассути сарҳади Тоҷикистону Афғонистон интиқол мешавад, инчунин масъалаҳои ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки робитаҳои байниминтақавӣ ва байнидавлатӣ доранд, зикр намуданд.Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Бадахшон, аз ҷумла дар Ишкошим ва Мурғоб муҳокима шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






