Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон
Душанбе, 7.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳайати ҶТ бо раҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо намояндагони доираҳои тиҷоратию иқтисодии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Лондон мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Департаменти тиҷорат ва сармоягузориҳои Британияи Кабир, Гурӯҳи CATBIG Бритиш Экспертиз, ширкатҳои саёҳатӣ ва дигар созмону доираҳои иқтисодие, ки ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасманд мебошанд, ҳузур доштанд.Дар сухани худ вазири корҳои хориҷӣ зарурати такони тоза бахшидан ба ҳамкории иқтисодии ду кишвар ва муайян намудани имкониятҳо ва самтҳои мутақобилан судмандро барои фаъолияти доираҳои соҳибкории Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъкид дошт.Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Нигина Абдуллоева имкониятҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, доираҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии Британияи Кабирро барои ҳамкории бештар даъват кард.Дар рафти вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирин роҷеъ ба рушди соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика ва кишоварзии Тоҷикистон ва инчунин дурнамои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ посух дода шуд. Ҳамчунин оид ба ҳолат ва имкониятҳои тавсеаи робитаҳои доираҳои тиҷоратии ду кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






