Муаррифии техникае, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст

Июль 29, 2014 16:24

Душанбе, 29.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе техникаю таҷҳизоти махсуси муосири марбут ба фурудгоҳию ҳавопаймоӣ бо иштироки роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва доираи васеи намояндагони расонаҳои хабарӣ муаррифӣ гардид.  Зикр шуд, ки фурудгоҳи Душанбе тибқи шартнома бо ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот техник Ют- -Эйр лизинг-Россия», инчунин тариқи лизинг маҷмӯи таҷҳизоту техникаи махсуси марбут ба ҳавопаймоиро харидорӣ намудааст. Техникаю таҷҳизоти муосир, ки дар фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор дода шудааст, аз мошинҳои аз барфу ях тозакунии ҳавопаймоҳҳо -F-90 SI ва F-2000, автозинаҳои махсус, мошинҳои махсуси аэродромии чангкашак, автотранспортёрҳо, ядакҳо, АПА, УМП, автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошинҳои фаршӯии H 715-665, мошини ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, амбулифт, мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймоҳо иборат аст. Теъдоди техникаю таҷҳизоти махсуси фурудгоҳӣ беш аз 130 адад буда, маблағи беш аз 12 миллион евроро ташкил медиҳад, ки 35 ададаш тавассути лизинг харидорӣ шудааст. Қудратулло Одинаев -сардори Хадамоти ҷустуҷӯӣ, наҷотдиҳӣ, таъмини парозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки тамоми техникаю таҷҳизот махсуси фурудгоҳӣ истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ- Италия, Испания, Фаронса, Олмон ва Чин буда, аз лиҳози истифодаи сӯзишворӣ каммасраф аст. Ин техникаю таҷҳизотҳои махсуси фурудгоҳӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ беназир буда, танҳо дар фурудгоҳҳои Русия ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истифода мегарданд. Бархе аз ин техникаҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои садамавӣ дар нақлиёти заминию ҳавоӣ истифода гардида, дар онҳо метал истифода бурда нашудааст,танҳо ресмонҳо истифода мешаванд, ки ҳангоми бардоштан ва кашондани ҳавопаймоҳо қулай буда, осебе намерасонанд. Ин гуна техника иқтидор дорад ҳавопаймоҳои вазнашон то 180 -200 тоннаро ҳангоми ҷилавгирӣ аз садама барканор намояд. Қудратулло Одинаев афзуд, ки таъминоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо техникаи муосири махсуси авиатсионӣ дар асоси Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат ҷихати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани он дар маҷмӯъ барои рушди авиатсияи ватанӣ сурат гирифтааст.

Июль 29, 2014 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст