Мубориза бар зидди малах
Душанбе, 15.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумотҳои фаврии КВҶД «Мубориза бар зидди малах», то санаи 11-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ майдони умумии паҳнгаштаи малахҳо 76263 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33556 гектар кам буда, дар майдони 70435 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Инчунин баҳри мубориза бар зидди малах 47 адад тракторҳои дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 852 адад дорупошаки дастӣ ва моторӣ мавриди истифодабарӣ қарор дошта, аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ 1247 нафар қувваи корӣ ба кор ҷалб карда шудааст.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд, паҳншавии малах бештар дар ноҳияҳои Ҷиликул, Хуросон, Вахш, Данғара, Ҷ.Румӣ, Бохтар, Қубодиён, Фархор, Қумсангир, Шаҳритуси вилояти Хатлон, Зафаробод, Мастчоҳ,Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ғончии вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Варзоб мушоҳида мегардад. КВҶД «Мубориза бар зидди малах», айни замон баҳри мубориза бар зидди малах ба ноҳияҳои вилояти Хатлон 18 адад, ба вилояти Суғд 22 адад ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 адад тракторҳои дорупоширо сафарбар намудааст, ки муташаккилона фаъолият доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






