Муборизаи ҳашт даста барои Ҷоми футзали Тоҷикистон

Июль 3, 2014 14:24

Душанбе,3.07.2014 (АМИТ “Ховар” Меҳрони қурбон).- Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми кишвар дастаҳои шаҳри Душанбе — DISI, «Бонки миллӣ», «Газпром» ва «Динамо», инчунин тимҳои вилояти Суғд — «Эсхата», «Сипар», «Имон Интернешнл» ва «Ал-Маъруф» — роҳ ёфтанд. Қуръакашии марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 4-уми август дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳӣ аз чаҳор даста тақсим мешаванд. Даври гурӯҳӣ аз 5-ум то 7-уми август доир хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-уми август, бозии ниҳоӣ 10-уми август баргузор мешаванд.

Июль 3, 2014 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд