Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Чжун Шан

Июль 4, 2014 09:21

Душанбе, 4.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Намоянда оид ба музокироти байналмилалии тиҷоратии мҳурии мардумии Чин дар сатҳи вазир Чжун Шан, ки бо ҳайати намояндагони кишвараш барои иштирок дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард.Бо қаноатмандӣ аз натиҷаҳои кори комиссия изҳори боварӣ карда шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат дар ҳама соҳаҳо дар оянда низ бо суръати назаррас рушду тавсеа меёбанд. Ҷонибҳо дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги байнидавлатӣ ва минтақавӣ , аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хусусан қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, марҳилаи сеюми роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, хати транзитии интиқоли газ , навсозии корхонаи алюминии тоҷик ва сохтмони марҳилаи дуюми маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2- ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин самт барои тезонидани раванди гуфтушунидҳо ва имзои қарордодҳои ҳамкорӣ таклифу пешниҳодоти худро баён доштанд.

Июль 4, 2014 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд