Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Оливер Норманд
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо директори лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот дар водии Фарғона — Оливер Норманд, дирӯз 23-юми июл сурат гирифт, масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи марҳилаи навбатии ин лоиҳаи барои хоҷагии қишлоқи вилоят муҳим арзёбӣ гардиданд.Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити таъминоти оби нушокӣ барои аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ амалӣ гардида, он дар заминаи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъмурияти Конфедератсияи Шветсария оид ба дастрасӣ ба оби тоза дар қисмати шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.Шурӯъ аз соли 2007 Котиботи байналхалқии об дар Тоҷикистон марҳилаи аввали ин лоиҳаро бо маблағгузории ташкилоти шветсариягии рушд ва ҳамкорӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар ҳаҷми 4,1 миллион доллари ИМА аз худ карда шуда, барои беҳдошти вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошти саломатии аҳолии 6 ҷамоати шаҳр мусоидат намудааст.Абдураҳмон Қодирӣ аз раванди ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ кард ва таъкид намуд, ки амалисозии ин лоиҳа барои вилоят хеле муҳим аст. Зеро танқисии оби нӯшокӣ барои хусусан аҳолии деҳоти минтақа аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки муроҷиати зиёди шаҳрвандон дар рӯзҳои қабул аз ин далолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт пешниҳодҳои заруриро барои ин лоиҳа ба миён мегузорад ва минтақаҳои нисбатан муҳим барои тадбиқи он шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳу Истаравшан. Ғончию Зафаробод, Исфараю Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ мебошанд.Оливер Норманд барои пазироӣ изҳори сипос кард ва афзуд, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии саривақтии ин лоиҳа, ки мақсади он дастрасии мардуми деҳот бо оби тозаи нушокӣ ва беҳдошти саломатии омма мебошад, мусоидат мекунад. Лоиҳаи нав бо харҷи бештар аз 5 миллион доллари ИМА дар марҳилаи аз соли 2014 то 2017-ро дар бар гирифта, бо истифодаи сарчашмаҳои имконпазири об ва барқарорсозии хатҳои обтаъминкунӣ дар ду минтақаи интихобгардидаи вилоят вазъи таъминот бо оби нӯшокиро беҳтар мегардонад. Тибқи ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф ва тандурустӣ, инчунин ҷиҳати беҳдошти саломатии мардуми деҳот машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, дар мактабҳо, нуқтаҳои тиббӣ ва кӯдакистонҳо зарфҳои дастшуй ва гигиенӣ гузошта мешаванд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






