Мулоқоти Э.Раҳмон бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Июль 31, 2014 09:44

Душанбе, 31.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ вазирони корҳои хориҷии ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро яке чорабиниҳои асосии соли раёсати худ дар ин созмон мешуморад”.Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ин ҷаласа мавзӯъҳо ва муҳтавои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайяну мушаххас мешаванд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла изҳор дошт: “ин созмон дар роҳи ба минтақаи сулҳу субот, дӯстӣ, шукуфоӣ ва рушди бонизом табдил додани минтақаи мо дорои имконоти васеи ҳанӯз истифоданашуда мебошад” ва таъкид дошт: “мусоидат ба татбиқи босамари чунин имконот аз ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон аст”.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “мо дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир бояд мавқеи ҳамсону ҳамоҳангшуда дошта бошем”.Дар робита ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор гардид, ки “дар ояндаи наздик бояд мувофиқасозии омилҳои ташкил ва ба кор даровардани Хазинаи рушд (Ҳисоби махсус) ва Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай бояд ба итмом расонда шавад.Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2015 ва дигар санадҳои мавриди муҳокима қарордошта то ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон омода гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш мусоидати фаъол мекунанд.

Июль 31, 2014 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд