Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷонатан Данн
Душанбе, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад”.Таваҷҷуҳи зиёд ба коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолатҳои бӯҳронӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии кишвари мо ба шумор мераванд, зоҳир гардид.Ҷонатан Данн изҳор дошт, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи бомаром ва босамари ислоҳоти иқтисодӣ кумакҳои техникии худро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад”.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






