Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Эвелин Видмер-Шлюмпф
Душанбе, 08.07.2014 (НИАТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпфро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ зоҳир гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем”.Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ду кишвар дар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва Созмони ҷаҳонии савдо ва ҳамчунин аз машваратҳои сиёсии дуҷониба, ки аз соли 2009 ба ин сӯй ҳар сол ба роҳ монда мешавад, изҳор гардид.Тавре зикр гардид, бо дастгирии молиявии Швейтсария тайи солҳои зиёд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор амалӣ шудаанд, ки ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, таъминоти об, муҳоҷирати корӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд. Ҳоло 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 67 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад ва ояндаи наздик афзоиши шумораи чунин лоиҳаҳо ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар назар аст.Швейтсария ҳамчунин “шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд, зеро гардиши савдои дуҷониба дар панҷ моҳи соли равон 141 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 4,3 маротиба ва нисбат ба тамоми соли 2013 1,7 маротиба зиёд аст.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон аз Швейтсария ва дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






