Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Хоҷа Осиф Муҳаммад

Июль 21, 2014 18:09

Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммадро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, зоҳир гардид.Чунонки зикр гардид, ҳоло мувофиқасозии охирин бандҳои санадҳои ниҳоӣ миёни иштирокдорони татбиқи ин лоиҳа идома дорад. Тибқи нақша, ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.Тавре иттилоъ доданд, Тоҷикистону Покистон комиссияи муштарак доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода, ҳоло талош доранд то рӯзҳои ташрифи навбатии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон ҷараён хоҳад дошт, санадҳои муҳим омода сохта, барои имзо пешниҳод намоянд.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ду кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва бартарафсозии монеаҳои минтақавии тиҷоратӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Июль 21, 2014 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд