Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров

Июль 30, 2014 18:27

Душанбе, 30.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.Аз пайвастагии муколамаи сиёсии ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки имсол дар баробари сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия, табодули сафарҳои раисони палатаҳои парлумонҳо ба кишварҳои ҳамдигар, ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, анҷумани соҳибкорон, Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва мулоқотҳои зиёди дигар дар сатҳу зинаҳои гуногун баргузор шуданд. Барномаи навсозии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тасдиқ шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки тасвиби санади дигари ҳамкории дуҷониба доир ба содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи содиротӣ низ ояндаи наздик ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад. Ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки то охири соли равон барои муҳокимаи ин ва дигар масоили ҳалталаб ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардад.Доир ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илму техника ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Ҳамчунин атрофи рӯзномаи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки аввалӣ пагоҳ ва дувумӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, табодули назар карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоишҳои мазкур ва натиҷаҳои онҳо ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар самти таҳкими амнияту субот дар қаламрави масъулияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нақши намоён хоҳанд гузошт.Хотиррасон бояд намуд, ки имсол ҷаласаю ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамаи сатҳу зинаҳо таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад, зеро раисӣ дар ин созмон имсол бар души давлати мо аст.Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла доир ба расондани кумакҳои техникӣ ба нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, зоҳир гардид.
 

Июль 30, 2014 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!