Мулоқоти Эмомалӣ Рахмон бо Чжан Синфэн
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэнро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.“Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ, ки аз Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ бармеояд, ҳамеша устувор аст ва барои таъмини амну суботи минтақавӣ бо ҳамаи шарикони худ ҳамгироии пурсамар ба роҳ мондааст”.Бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он, аз ҷумла изҳор гардид, ки натанҳо бо худи терроризм, балки бо омилҳои ба он мусоидаткунанда низ мубориза бояд тақвият дода шавад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор дошт: “Кумак расондан ба Афғонистон дар роҳи табдил додани он ба кишвари орому осуда ва давлате, ки рушду тараққиёти худро бе истеҳсоли маводи мухаддир таъмин намояд, ба манфиати ҳамаи мо аст”. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, зоҳир гардид.Чжан Синфэн ба ҷараёни раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва сохторҳои он баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки чораҳои дар ин сол амалишаванда ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, аз ҷумла дар самти муборизаи муштараки зиддитеррористӣ мусоидати фаъол мекунад.Изҳори умед карда шуд, ки нақши Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай беш аз пеш боризу муассир мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






