Мулоқоти М.Ҷабборӣ бо фаъолзанони Ҳисор

Июль 24, 2014 10:54

Душанбе, 24.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирўз зимни сафари корӣ Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҳисор рафта бо фаъолзанони ноҳияи мазкур мулоқот намуд.Дар мулоқот масъалаҳои нақши занон дар рушди кишвар, татбиқи қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон», бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, доир ба паст кардани тамоюли зуҳуроти номатлуб, зўроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳои мубрами рўз баррасӣ гардид. Зимни вохўрӣ фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён шунида шуда, роҷеъ ба ҳалли мушкилоти имрўзаи ҷомеа таклифҳо пешниҳод гардид. Доир ба ҷоннок намудани корҳо ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 3000 солагии Ҳисор ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Июль 24, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад