Мулоқоти Н.Буриев бо Д. Дан
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). -Мулоқоти муовини авали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматҷон Буриев бо ҳайати Хазинаи байналмиллалии асъор таҳти сарварии роҳбари миссия Ҷонатан Дан 12 июл дар Душанбе баргузор гардид. Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили рушди иҷтимоӣ -иқтисодии кишварҳо дар нимсолаи аввали соли 2014 , аз он ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва сатҳи таваррум мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҷонибҳо ҳамчунин суръати рушди саноат ва хоҷгии қишлоқ, тиҷорат ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, воридот ва содироти молҳо, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарзиро муҳокима намуданд.Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо боварӣ изҳор намуданд, ки ҳамкорӣ байни вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ХБА минбаъд дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт рушд хоҳад ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






