Мулоқоти Н.Зоҳидов бо К.Приват
Душанбе, 08.07.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов 7 июл Машваратчии байналмилалии Барномаи рушди СММ Кристиан Приватро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла ҷонибҳо оид ба масъалаи Барномаи қолабии СММ ҷиҳати кӯмак барои рушд (ЮНДАФ) дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 табодули назар карданд. Дар ин робита, ҷонибҳо атрофи дастовардҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар чаҳорчӯби Барномаи зикргардида суханронӣ карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ЮНДАФ яке аз барномаҳои фаъолтарини Созмони Милали Муттаҳид барои рушд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Ҳамчунин табодули назар доир ба таҳияи Барномаи нави СММ ҷиҳати кӯмак барои рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






