Мулоқоти Ш.Орумбекзода бо З.Бутаева
Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон Зарема Бутаева баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, муҳтавои асосии ин мулоқот шиносоӣ буда, дар навбати худ тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон суханронӣ намуданд. Вазири фарҳанги Доғистон З.Бутаева дар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон ва самтҳои фаъолияти фарҳангии он маълумоти муфассалро ироа намуда, ҳамзамон як лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои фарҳангиро ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ пешниҳод намуд. Шамсиддин Орумбекзода барои вусъати ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ миёни ду тараф изҳори ақида намуда, ҳамаи он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби меҳмон ироа шуданд, пазируфт ва онро хело муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки барои барқарор намудани ҳамкориҳо ягон навъ маҳдудияте вуҷуд надорад. Ҳамзамон, тарафҳо ба чунин хулоса омаданд, ки барои барқарор ва густариш додани муносибатҳои фарҳангӣ Созишнома оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ лозим аст ва ҷиҳати баррасӣ ва ба имзо расонидани он тариқи мақомотҳои дахлдори ҳарду кишвар дар рӯзҳои наздик ирсол хоҳанд кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






