Мулоқоти Шариф Саид бо Сафири Туркманистон
Душанбе, 03.07.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дирӯз дар Душанбе бо Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқулӣ Аманлиев мулоқот намуд. Дар ин бора аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.Ш.Саид пешниҳод кард, ки моҳи ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои Туркманистон, бизнес- форуми ҳайати соҳибкорони ду кишвар доир шуда , протоколи дуҷониба дар бораи ба вуҷуд овардани Шӯрои соҳибкорони «Тоҷикистон -Туркманистон»ва «Туркманистон — Тоҷикистон » ба имзо расад.Зикр гардид, ки бо мусоидати ПСС Тоҷикистон ва ҳукумати ду кишвар соли 2013 дар Душанбе аввалин намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Туркманистон ва бизнес — форуми ҳайати соҳибкорони ду давлат баргузор гардид.Дар навбати худ, И. Аманлыев ҳайати ПСС Тоҷикистонро барои иштирок дар кори Форуми VI-уми байналмилалии сармоягузорӣ, ки 1-2 октябр дар минтақаи миллии туристии «Аваз»-и шаҳри Туркманбошӣ баргузор мегардад, даъват намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






