Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Душанбе, 30.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- 30 июли соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳу абзорҳои мавриди қабули тарафайн барои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои таомули созанда ва боэътимод баррасӣ шуданд.Зимни суҳбат ҳамчунин бар зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳои мавриди алоқамандии ду кишвари дӯст, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистода дар сатҳи раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш. Душанбе ба густариши ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманд такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.Дар вохӯрӣ инчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табодули назари судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






