Мусобиқаи футбол байни наврасон
Душанбе , 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) — моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байналмилалии футбол миёни наврасони соли таваллуди 1997-1998 барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад. Бояд зикр кард, ки Анваршо Мирзоев, раҳбари шӯъбаи футболи кӯдакон ва наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, ин мусобиқа аз 18 то 22 август дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар доир мегардад. Дар ин мусобиқа дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон иштирок мекунанд.Ёдовар мешавем, ки дастаҳо ба ду гуруҳ ҷудо шуда, бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳхат мегиранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






