Мусодираи беш аз 20 кг героин аз дохили «Mersedes-Bens»
Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Зимни гузаронидани як амалиёти махсус дар шимоли кишвар миқдори калони маводи мухаддири сахттаъсири героин ошкор гардид.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғаи “Mersedes-Bens”, сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Умед Сатторов боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур 20 кг 799 грамм маводи нашъадори навъи героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






