Мусодираи беш аз 7 кг ҳашиш аз дохили “Hyundai-СRV”

Июль 16, 2014 14:45

Душанбе,16.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт сокини 40 -солаи шаҳри Исфара Қосимхон Қодиров бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш тамғаи “Hyundai-СRV”, бе қайди рақами давлатӣ, аз таги курсии нишасти ронанда 7 кг 060 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Июль 16, 2014 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд