Мусодираи зиёда аз 3 кг маводи нашъадор
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода)- Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дирӯз дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳудуди шаҳри Чкалов сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Шуҳратҷон Юнусов, ҳамчун гумонбар дар даст доштани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда маводи нашъадори ҳашиш, ки вазни умумиаш 3 кг 200 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд.Манбаът ҳамчунин хабар медиҳад, ки, зимни гузаронидани боз як амалиёти махсус кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Сешанбеи ноҳияи Турсунзода автомашинаи тамғаи “Mersedes-Bens”, ки ба сокини 30-солаи пойтахт Сайёд Табаров тааллуқ дорад, боздошт намуданд. Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз зери курсии нишасти мусофир сокини 28-солаи ноҳияи Турсунзода Шарофиддин Зоиров 1 адад пакети селофанӣ, 780 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






