Музди меҳнат зиёда аз 20 фоиз афзудааст
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар нимсолаи аввали соли 2014 музди меҳнати миёнаи кормандони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ 838 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 фоиз афзудааст, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева. Дар ин давра музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ нисбат ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба маротиб паст буда, музди меҳнати кормандон дар соҳаҳои тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ 652 сомонӣ, маориф 680 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 827 сомонӣ, мақомоти идоракунӣ 905 сомониро ташкил дод.«Дар бахшҳои хизматрасонӣ ва воқеӣ бошад, дар ҳамин давра музди меҳнати кормандони соҳаҳои сохтмон 1 ҳазору 693 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об 1 ҳазору 327 сомонӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ҳамагӣ 259 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 маротиба зиёд буда, яъне 32 фоиз афзудааст»,-иброз намуд Сумангул Тағоева.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






